ЧЕМПИОНАТ ОИД БА ГӮШТИН БАЙНИ КАЛОНСОЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД
28-29 январ дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон- 2023 оид ба намуди гӯштин (тарзи озод ва юнонӣ — румӣ) байни калонсолон баргузор гардид. Ғолибон ва беҳтарин гӯштингирони ин чемпионат имкони шомил шудан ба дастаи миллии Тоҷикистонро пайдо карданд.
Чемпионати мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи гӯштини Тоҷикистон ташкил гардида, дар доираи «Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ» дар сатҳи баланд доир шуд.
Дар маросими ифтитоҳи он роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи гӯштини Тоҷикистон сухан гуфтанд.
Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии соли 2008 оид ба гӯштини тарзи озод дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, собиқ мураббии дастаҳои мунтахаби Лаҳистон ва Маҷористон Юсуф Абдусаломов роҳбарӣ намуд.
Хотиррасон мешавем, ки Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштин (тарзи озод ва юнонӣ-румӣ) дар сатҳи баланди ташкилӣ ва тибқи қоидаҳои Федератсияи ҷаҳонии гӯштин сурат гирифт. Нафароне, ки дар он унвони чемпионӣ ба даст оварданд, моҳи март Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор карда мешавад, муаррифӣ мекунанд.
Ҳамзамон дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду легионери доғистонитабор- Абдулмаҷид Кудиев дар вазни 65 кило ва Магамет Евлоев дар вазни 74 кило иштирок намуда, унвони чемпиониро соҳиб шуданд. Онҳо аз ин пас зери Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Дар охири рӯз ғолибон аз рӯи 10 категорияи вазнӣ ба таври зайл маълум гардиданд:
Дар вазни то 57кг
Ҳикматулло Воҳидов (Душанбе) – ҷойи якум
Сунатулло Бобоев (Душанбе) – ҷойи дуюм
Қаюмҷон Ҳалимов (Душанбе) – ҷойи сеюм
Ҳусейн Маликов (Душанбе) – ҷойи сеюм
Дар вазни то 61кг
Муҳаммад Икромов (Душанбе) – ҷойи якум
Муҳаммад Наимов (Душанбе) – ҷойи дуюм
Фаррух Зоиров (Хатлон) – ҷойи сеюм
Рустам Ибрагимов (Суғд) – ҷойи сеюм
Дар вазни то 65кг
Абдулмаҷид Кудиев (Душанбе) – ҷойи якум
Фотеҳҷон Олимов (Суғд) – ҷойи дуюм
Ҷамшед Шарифов (Душанбе) – ҷойи сеюм
Аҳрор Ёрмуҳаммадов (Душанбе) – ҷойи сеюм
Дар вазни то 70кг
Мустафо Аҳмедов (Душанбе) – ҷойи якум
Комрон Холов (Душанбе) – ҷойи дуюм
Муборак Қурбонбеков (ВМКБ) – ҷойи сеюм
Саидалӣ Холов (Душанбе) – ҷойи сеюм
Дар вазни то 74кг
Магамет Евлоев (Душанбе) – ҷойи якум
Мадасан Ашрофхонов (Душанбе) – ҷойи дуюм
Масъуд Давронов (Душанбе) – ҷойи сеюм
Мусо Эмомов (Душанбе) – ҷойи сеюм
Дар вазни то 79кг
Сомонҷон Икромов (Душанбе) – ҷойи якум
Муҳаммадалӣ Абдуллоев (Душанбе) – ҷойи дуюм
Асрор Мирхоҷаев (Душанбе) – ҷойи сеюм
Пулодҷон Бурҳонов (Суғд) – ҷойи сеюм
Дар вазни то 86кг
Салимҷон Ҳалимзода (Душанбе) – ҷойи якум
Абдубашир Бобохонов (Душанбе) – ҷойи дуюм
Шерзод Музафаров (Душанбе) – ҷойи сеюм
Шуҳрат Бозоров (Душанбе) – ҷойи сеюм
Дар вазни то 92кг
Маҳмадҷон Ализода (Суғд) – ҷойи якум
Беҳрӯз Одинаев (Душанбе) – ҷойи дуюм
Тутиё Карамхудоев (ВМКБ) – ҷойи сеюм
Наврӯз Назиров (ВМКБ) – ҷойи сеюм
Дар вазни то 97кг
Раҳмон Маҳмадбеков (Душанбе) – ҷойи якум
Мақсад Мансуров (Суғд) – ҷойи дуюм
Амирҷон Сангов (Душанбе) – ҷойи сеюм
Сафар Маҳмадалиев (Хатлон) – ҷойи сеюм
Дар вазни то 125кг
Фарҳод Азизқулов (Душанбе) – ҷойи якум
Файзӣ Файззода (Душанбе) – ҷойи дуюм
Илҳомхуҷа Мирзохуҷаев (Хатлон) – ҷойи сеюм
Комрон Маҳмадалиев (Душанбе) – ҷойи сеюм