ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2023. Дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон бар дастаи Қирғизистон пирӯз шуда, мақоми сеюмро гирифт

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футзал дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби 4:2 мағлуб карда, сазовори медалҳои баринҷии чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Тошканд гардид, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар ин бозӣ ду маротиба Карина Мирзоева, Ҷонона Қурбонова ва Некубахт Худододова як маротибагӣ тубро ба нишон расониданд.

Дар бозии финалии чемпионат имрӯз, 30 январ дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Эрон вомехӯранд.

Ғолиби ин ҷуфт медалҳои тиллои чемпионати дуюми Ассотсиатсияи футзали Осиёи Марказӣ байни дастаҳои мунтахаби занонаро ба даст меорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE