Давлатзода: Чанд номгӯи ҳуҷҷатҳо барои нафақагирон аз миён бардошта шуд

Ба ҳолати 1 июли соли 2021 теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ 744 ҳазору 785 нафарро ташкил намудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 22 ҳазору 97 нафар ё 3,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин нуктаро Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон баён дошт.

Натиҷаҳои фаъолияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021 бо пешниҳоди факту арқом оғоз гардид. Гуфта шуд, ки дар ин давра ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 1 миллиону 669 ҳазору 3 сомонӣ ворид гардид, ки ин 104,2 фисади Нақшаро ташкил медиҳад. Талабот барои маблағгузории нафақа бошад дар як моҳ 2 миллиону 47 ҳазору 4 сомониро ташкил намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 24,4 млн.сомони ё 11,0 фоиз афзоиш ёфтааст. Давлатзода гуфт, ҳамаи ин маблағҳо барои нафақагирон тавассути кортҳои бонкӣ саривақт пардохт гардидааст.

Зимни нишаст қайд гардид, ки сол аз сол барои нафақагирон аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ имтиёзу сабукиҳо пешиҳод мегардад. Бахусус дар чанд моҳи охир ҷиҳати таъин намудани сокинон ба нафақаи иҷтимоӣ номгӯи чандин ҳуҷҷатҳо аз миён бардошта шуд, ки ин имконият медиҳад, сокинон дар фурсати кӯтоҳ ба гирифтани нафақа даст ёбанд.

Маврид ба зикр аст, ки ба ҳолати имрӯза, дар қаламрави мамлакат шумораи нафақагирон ба 744 ҳазору 785 нафар расида, андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 320 сомониро ташкил медиҳад.

Бахтовари НУРИДДИН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE