Имрӯз дар Ҳисор бозии дӯстонаи Тоҷикистон (U-20) ва Cурия (U-20) доир карда мешавад
Имрӯз, 21 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор вохӯрии якуми дӯстонаи дастаҳои ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Сурия баргузор карда мешавад. Дар ин хусус дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Бозӣ соати 16:00 оғоз мегардад.
Ёдовар мешавем, ки ду бозии дӯстона бо Сурия дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 доир мегарданд.
Бояд гуфт, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1 то 18 март дар Узбекистон баргузор карда мешавад, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои миллии Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) вомехӯрад.