ИШТИРОКИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН ДАР 27 – УМИН ИҶЛОСИЯИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ САҲА

Рӯзи 3 декабр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар иҷлосияи 27 уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки бо дарназардошти ҳамагирии COVID -19 дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар баробари авлавияти Тоҷикистон дар се ченаки фаъолияти фарогири амниятии САҲА – сиёсӣ – низомӣ, иқтисодӣ – муҳитизистӣ ва инсонӣ, инчунин доир ба масъалаҳои умдаи ҷаҳони муосир, аз қабили мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тағйирёбии иқлим изҳори назар карда, дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар дар ин маврид ёдовар шуд.

Сироҷиддин Муҳриддин аз кӯшишҳои барои таҳкими сохтории САҲА равонашуда истиқбол намуда, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати роҳандозии ҳамкории созанда бо САҲА ва ниҳодҳои он бо мақсади таъмини сулҳ ва рушд дар минтақаи Созмон иброз дошт.

Шӯрои вазирон мақоми марказии тасмимгирӣ ва идоракунии САҲА буда, солона ба вазирони корҳои хориҷии 57 кишвари ширкаткунандаи САҲА имкон медиҳад, то фаолияти созмонро баррасӣ ва арзёбӣ намуда, муколамаро дар масъалаҳои амниятӣ тақвият диҳанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE