Нишаст бахшида ба Конфронси оби СММ-2023
15 марти соли 2023 дар Теҳрон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Муассисаи таҳқиқоти оби Эрон бо ҳузури намояндагони вазоратҳои умури хориҷа, нерӯ, муассисаи мазкур, ниҳодҳои дигари марбут ба соҳаи об ва ВАО-и ин кишвар бахшида ба татбиқи ҳадафҳои Конфронси оби СММ (22-24 марти соли 2023, Ню-Йорк) нишаст баргузор шуд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар суханронии худ дар бораи аҳамияти ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, инчунин доир ба иқдоми ҷадиди Пешвои миллат дар мавриди қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» маълумоти муфассал ироа намуд.
Дар ин замина, роҷеъ ба Конфронси СММ дар пешбурди ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳи Нидерланд 22-24 марти 2023 дар шаҳри Ню-Йорк сурат мегирад, шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Дар ин нишаст раиси Маркази минтақавии ЮНЕСКО оид ба мудирияти оби шаҳрӣ Муҳаммад Ҳоҷрасулиҳо, мушовири вазири нерӯи ҶИЭ Муҳаммадалии Фараҳнокиён, раиси Муассисаи таҳқиқоти оби ҶИЭ Муҳаммадризо Ковиёнпур ва мудирони аршади соҳаи оби ин кишвар низ суханронӣ намуданд. Зимни баромадҳои онҳо аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо таъкид гардида, тавсеаи ҳамкориҳо байни ду кишвари ҳамзабон дар ин соҳаҳо дар чаҳорчӯби равобити дуҷониба ва созмонҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ шуд.