МУШТЗАНИ ТОҶИК БАРАНДАИ МЕДАЛИ ТИЛЛОИ МУСОБИҚАИ RCC BOXING ГАШТ!

Муштзани шинохтаи тоҷик Асрор Воҳидов дар доираи мусобиқаи “RCC Boxing” бо намояндаи кишвари Украина Данило Савченко вориди рақобат шуд. Дар ин вохӯрии ҷолиб, ки ҳазорон мухлисону ҳаводорон ва дилбохтагони  ин намуди  варзиш ҳунари Асрор Воҳидовро тамошо ва бо нидоҳои аҳсану офарин тарафдориаш мекарданд, ӯ ғолиб омада, медали тиллоро соҳиб гардид. Дар ин бора аз  Федератсияи  бокси  Тоҷикистон хабар  доданд.

Дар ин  сабқат муштзани тоҷик Асрор Воҳидов аз худ маҳорати баланд нишон дода, рақибашро ба нокаут фиристод.

Хотиррасон мекунем, ки  варзишгари шинохтаи тоҷик Асрор Воҳидов дар рақобати 8 – уми худ низ пирӯзии комил ба даст овард.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE