АВҶИ МАВҶИ СЕЮМИ КОРОНАВИРУС ДАР ТУРКИЯ

Шумораи гирифторони коронавирус дар Туркия давоми шабонарӯзи гузашта ба 32 137 нафар баробар шуд.

Тавре Вазорати тандурустии ин кишвар хабар медиҳад, дар як шабонарӯзи гузашта 203 нафар дар пайи ин беморӣ ба ҳалокат расидаанд. Гуфта мешавад, ки ин рақам болотарин нишондиҳанда аз оғози давраи пандемияи коронавирус ба шумор меравад.

Аз ин пештар вазири тандурустии Туркия Фахреттин Коджа изҳор дошта буд, ки баъзе минтақаҳои кишвар, аз ҷумла пойтахт – шаҳри Истанбул пандемия мавҷи сеюмро аз сар мегузаронад.

Давоми як ҳафтаи охир дар ин кишвар аллакай маротибаи чандум аст, ки нишондодҳои рекордӣ ба қайд гирифта мешаванд. Аз оғози пандемия дар Туркия 15 103 нафар ба ҳалокат расида, айни замон 5836 бемор дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Мижгон РАҲМОНЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE