Ғалабаи “Регар” ва “Равшан” дар даври аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол

Мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи Олӣ оғоз гардид. Дирӯз бо бозии дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Хатлон”  мавсими нав шуруъ шуд.  Вохӯрии дастаҳои дар варзишгоҳи “Талко Арена”-и шаҳри Турсунзода доир гардида, бо ҳисоби  3 бар 0 ба нафъи бошгоҳи “Регар” анҷом ёфт. Голҳоро Абдухалил Боронов, Шерзод Маҳмадиев ва Нуриддин Ҳамроқулов ба самар расониданд.

Дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дар даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2023 дар майдони худ бар «Куктош» бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Қаҳрамони вохӯрӣ ҳамлагари «Равшан» Тоҳир Малодӯстов гардид, ки муаллифи дубл шуд.

Имрӯз бозии миёни дастаҳои “Эсхата” ва КМВА ва “Ҳосилот” бо “Файзканд” доир мегардад. Рӯзи 3-юми апрел вохӯрӣ миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. 

акс аз ТВ Варзиш

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE