Ҳокими шаҳри Флорида бар асари обхезӣ ҳолати фавқулода ҷорӣ намуд
Ҳокими шаҳри Флорида Рон Десантис дар минтақаи Брауард бар асари обхезие, ки дар натиҷаи борони шадид ба амал омад, вазъияти фавқулода эълон кард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад.
Бино ба рӯзномаи «The New York Times», бороне, ки рӯзи душанбе оғоз шуда, рӯзи чаҳоршанбе шиддат гирифт, ҳоло тадриҷан коҳиш ёфта истодааст. Давоми 24 соати охир дар баъзе минтақаҳо зиёда аз 600 милиметр борон боридааст.
Тавре қаблан ширкати телевизионии CNN бо истинод ба обуҳавошинос Анна Торрес — Васкез хабар дод, чунин нишондиҳандаи бориш дар як рӯз дар иёлати Флорида аҳён-аҳён вомехӯрад. «Ин дар ҳазор сол як маротиба рух медиҳад ё не», — иброз дошт ӯ.