Дар Женева вохӯрии вазирони давлатҳои аъзои Барномаи махсуси СММ оид ба иқтисоди Осиёи Марказӣ баргузор шуд

17 апрел дар Женева ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба иқтисоди Осиёи Марказӣ (SPECA)  дар доираи  ҷаласаи 70-уми Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Аврупо (UNECE) баргузор гардид, ки дар он Тоҷикистонро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ намояндагӣ намуд. Дар ин хусус  Вазорати рушди иқтисод ва  савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Ҷаласа таҳти раёсати Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ибтикори СММ ва Комиссияи СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои давлатҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором (UN ESCAP)  баргузор шуда, зимни он масъалаҳои вобаста ба дурнамои асосии ҷустуҷӯи диверсификатсияи роҳҳои транзитӣ ва қабули Харитаи роҳ дар ин самт, мусоидат ба тиҷорату нақлиёт, рақамикунонӣ ва иқтисоди “сабз” дар минтақа, ҳамчунин таъсиси фонд ва котиботи SPECA баррасӣ шуд.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдо  гуфт, ки бо шарофати дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин самтҳо дар ҷумҳурӣ корҳои назаррас анҷом дода шуд.

Ҳамзамон мавсуф доир ба мавқеи ҷумҳурӣ бо назардошти манфиатҳои иқтисодӣ ибрози назар намуд.

Ҳамчунин ҷиҳати таҳкими ҳамкории минбаъдаи давлатҳои  аъзои СПЕКА дар фарҷоми ҷаласа «Эъломияи вазирон» барои баррасӣ пешниҳод гардид.

Дар ҷаласа намояндагон ва коршиносони дигар созмонҳои байналмилалии муқими Женева иштирок намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки соли равон Ҷумҳурии Озарбойҷон роҳбарии СПЕКА-ро ба уҳда дошта, якчанд чорабинӣ, аз қабили Шӯрои роҳбарикунанда ва Форуми иқтисодии Барномаро баргузор менамояд.

      АКС: Вазорати руши иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE