Иштироки сафир дар нишасти махсуси Бағдод
17 апрели соли 2023 дар Бағдод сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдзода Зубайдулло дар ҷаласаи махсус оид ба баргардонидани шаҳрвандон аз Ироқ, ки таҳти раёсати Мушовири амнияти миллии Ҷумҳурии Ироқ Қосим ал-Аъраҷӣ доир гардид, иштирок намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ин нишаст роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ, сафирони Тоҷикистон, Россия, Фаронса, Туркия, Озарбойҷон, Марокаш, Қирғизистон, Ӯзбекистон, намояндаи минтақавии ЮНИСЕФ ва ғайра ширкат варзиданд.