Оғози сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин

16 майи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин, ки ба хотири истиқболи меҳмони олиқадр идона ороста шуда буд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати кишвари ҳамсояи Чин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE