МУАРРИФИИ КИТОБИ “МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН…” (ҶИЛДИ III)
Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир гардид, ки дар он ҷилди 3 – юми китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” муарифӣ карда шуд.
Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Агентии хизмати давлатӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаллифони китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Абдухалил Ғафурзода суханронӣ намуда, ба ҳозирин ҷилди 3 юми китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” муарифӣ намуд.
Зикр гардид, ки лоиҳаи илмӣ – таҳқиқотии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” аз ҷониби Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агенти хизмати давлатӣ пешниҳод шуда, дар он масъалаҳои умдатарини фаъолияти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор мегирад. Зимни муаррифии ҷилди 3 юми китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” зикр шуд, ки он дар ҳаҷми 500 саҳифа бо муаллифии олимону донишмандон ва кормандони касбу кори гуногун таълиф ва ба нашр расидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷилдҳои якум ва дуюми китоби мазкур ҳануз якуми сентябри соли 2019 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардида буд ва он аз ҷониби Сарвари давлат баҳои баландро сазовор шуд.