Дар деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент ёдгории нави таърихӣ кашф гардид

 3 июн дар натиҷаи фурӯ рафтани қитъаи хурди замин дар деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент як новус (қабр) кушода шудааст. Дар ин хусус дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

5 июн бо дастури роҳбарияти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мусоидати шуъбаи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бостоншиносон Шароф Қурбонов ва Абдураҳмон Пӯлотов аз ёдгории мазкур дидан намуданд.

Он дар қисмати ҷанубии мазори Эшони Зарробӣ, қисмати ғарбии сойи Ошхона, қисмати ҷанубии деҳаи Олимобод (маҳаллаи Қаротегин)-и Ҷамоати деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент ҷойгир буда, атрофи онро қабристони замони нав иҳота кардааст.

Дар натиҷаи корҳои таҳқиқотӣ дар зери зардхок новус (қабр) кофта шуд, ки шакли ҳуҷраи равоқпӯшро дорад. Дар дохили новус (қабр) тоқчаҳо мавҷуд мебошанд. Дар ҳар кадом тоқча як сағона ё устухондон (хуми устухондор) гузошта шудааст. Қисми зиёди чунин тоқчаҳо дар натиҷаи намнокии замин хароб шудаанд.

Бостоншиносон ба он андешаанд, ки чунин новус (қабр) бори аввал дар қисмати кӯҳистони Суғди бостон дучор меояд. Зеро он бо хусусиятҳои ба худ хос аз дигар иншооти маросими дафнкунии зардуштӣ фарқ мекунад.

Таҳқиқот дар ин самт идома дошта, хулосаҳои ниҳоии мутахассисин пас аз анҷоми пурраи таҳлилҳо пешкаши олами илм мегардад.

АКС: Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE