Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамкориҳоро бо ширкати ҳавопаймоии «Туркиш Эйрлайнс» тақвият медиҳад

Имрӯз раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Камолиддин бо роҳбари намояндагии ширкати ҳавопаймоии «Туркиш Эйрлайнс» Осман Карим Аванас вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз кумитаи мазкур хабар доданд.

Зимни вохурӣ Осман Карим дар бораи фаъолияти ширкати ҳавопаймоӣ «Туркиш Эйрлайнс, самтҳои парвоз ва таҷрибаи кормандонаш маълумот дод.

Роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ оид ба самтҳои сайёҳӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишвар маълумоти муфассал дода, зикр намуд, ки парвозҳои мунтазам байни давлатҳо барои рушди сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Пешниҳод карда шуд, ки маводи чопии иттилоотӣ — тарғиботӣ тавассути ҳавопаймоҳои ширкати «Туркиш Эйрлайнс» ба мусофирон пешниҳод карда шуда, ширкати мазкур дар овардани ҳайатхои эҷодие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифии он ташриф меоранд, мусоидат намояд.

Он ҷониб пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистонро ба хӯшӣ пазируфта, омодагии худро барои ҳамкорӣ намудан дар ин самт изҳор намуд.

Вохӯрӣ да фазои дустӣ, ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмӣ анҷом ёфт

Бо камоли эҳтиром аксҳо ва пресс-релизи вохурӣ бо роҳбари намояндагии ширкати ҳавопаймоии «Туркиш Эйрлайнс» барои мувофиқа ирсол мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE