Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои Сарони ҳукуматҳои ИДМ
Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок намуд.
Дар доираи кори ҷаласа нахуст Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин бо роҳбарони ҳайатҳои расмии иштирокчии ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот намуд.
Дар доираи баргузории ҷаласаи Шўрои Cарони ҳукуматҳо — Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадам, муаррифии имконияти истеҳсолӣ ва густариши ҳамкории минбаъда дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, энергетика, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва технологияи муосир намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он намунаи зиёди техникаву таҷҳизоти кишоварзию саноатӣ, роҳу нақлиёт, тандурустӣ ва дигар намуди маҳсулоти дар қаламрави давлатҳои аъзои иттиҳод шуда, муаррифӣ гардид.
Дар намоишгоҳ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз имконияти истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди беҳтарсозии инфрасохтори зарурӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, рушди соҳаи сайёҳӣ, коммуникатсия ва дигар бахшҳои муҳим ёдовар шуда, омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаҳои афзалиятнок таъкид намуд.
Дар қисмати дигари намоишгоҳ ба меҳмонон аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолӣ ва намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил навгониҳо ва истифодаи технологияи муосири хизматрасонӣ дар соҳаи бонкдорӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ, логистика, саноат ва энергетика муаррифӣ гардид.
Сипас ҷаласаи Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо иштироки роҳбарони ҳайатҳои расмии давлатҳои аъзои иттиҳод дар ҳайти маҳдуд баргузор шуд, ки дар кори он масъалаҳои вобаста ба рўзномаи ҷаласаи навбатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба рушду тавсеаи самтҳои гуногуни ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир гардид.
Баррасии пурраи рӯзномаи ҷаласаи Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ ва мубодилаи афкори самарабахши ҷонибҳо дар нишасти васеи ҳайатҳо идома ёфт. Дар рафти ҷаласаҳои ҳайатҳои маҳдуд ва иштироки ҳайатҳои васеъ дар маҷмуъ вазъи кунунӣ ва дурнамои робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар доираи ИДМ баррасӣ шуд.
Зимни суханронии худ дар ҷаласаи Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар роҳбарони ҳайатҳо омодагӣ ва ҳавасмандии худро дар самти густариши ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ иброз намуда, таъкид доштанд, ки маҳз дар асоси ҳамкориҳои бисёрҷониба метавон ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар доираи Иттиҳод ноил гардид.
Дар ҷаласаи Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 14 масъалаи муҳим муҳокима гардида, аз натиҷаҳои муҳокимаҳои онҳо санадҳои дахлдор ба имзо расонида шуд.
АКС: Котиботи ИДМ