Сафири нави Туркия дар Тоҷикистон ба Душанбе омад

Имрӯз,  17 март дар Душанбе Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Туркия Эмре Зекӣ Карагёл нусхаи эътимодномаи худро ба муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ супорид.

Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Туркия табодули назар карданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE