Дар Душанбе робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Покистон мавриди баррасӣ қарор гирифт

Имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид вохӯрӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон.

Дар мулоқот дурнамои густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Покистон мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Мусоҳибон ҳамчунин масъалаи тақвияти кори Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Душанбе ва Исломободро баррасӣ намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Покистон дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав пайдо намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои ҷонибҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE