ПСЖ сармураббии нав таъин мекунад
Пас аз нокомиҳо дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо масъулини дастаи ПСЖ новобаста ба дастовардҳо дар мусобиқаи қаҳрамонии Фаронса бо сармураббии даста хайрухуш намуданд. Ҳамакнун маълум гардид, ки ба ҳайси сармураббӣ дар ин даста кӣ таъин мешавад. Роҳбарият ва моликони дастаи парижӣ барои ин вазифа мутахассиси испанӣ ва собиқ сармураббии тими миллии Испания Луис Энрикеро интихоб карданд.
Масъулини дастаи ПСЖ ниҳоят тасмимро дар бораи ба даст овардани сармураббии нав гирифтааст. Ба иттилои L’Équipe, ба ин симмат парижиҳо мутахассиси испанӣ Луис Энрикеро интихоб кардаанд. Рӯзноманигори маъруф Фабритсио Романо хабар медиҳад, ки клуб ва мураббии 53-сола тақрибан ба мувофиқа расидаанд, танҳо дар бораи мӯҳлати шартнома мувофиқа кардан боқӣ мондааст. Мутахассиси испанӣ интихоби муштараки президент Носир Ал-Хелайфӣ ва мушовири варзишии дастаи ПСЖ Луис Кампос мебошад. Парижиҳо испаниро мураббии идеалӣ меҳисобанд. Онҳо ният доранд дастае созанд, ки бо ҳайати пурра ва бозии даставӣ аз як бозигар вобаста набошад. Тавре рӯзномаи L’Équipe хабар додааст, испании 53-сола бо ПСЖ шартномаи дусола бо имкони тамдид ба як мавсими дигар ба имзо мерасонад. Луис Энрике шаш моҳ боз фаъолият намекунад. Пас аз Ҷоми ҷаҳонии 2022, вақте ки Испания аз Марокаш дар даври 1/8 финал шикаст хурд ва аз идомаи мусобиқа бенасиб монд, Федератсияи футболи Испания шартномаашро бо ӯ тамдид накард. Аз ин пештар Энрике бо Челси гуфтушунид дошт, аммо клуб мехост, ки ҳама чизро барои боқӣ мондани Фрэнк Лэмпард кунад. Ин ба Луис писанд наомад. Тавре хабар дода мешавад, мураббӣ мехост, ки дастаро аллакай дар даври чорякфинали Лигаи Чемпионҳо бо Реал Мадрид роҳбарӣ кунад, масъулини дастаи лондонӣ бо мутахассиси испанӣ ба мувофиқа нарасиданд. Ба навиштаи The Telegraph, моҳи майи соли ҷорӣ “Тоттенхэм Хотспур” ба Энрике пешниҳод карда буд, аммо испанӣ ин пешниҳодро низ рад кард. Бо «Наполи» ҳам кор омад накард. Бо ин даста, дар бораи маош фикрҳои гуногун вуҷуд доштанд, мураббӣ дар як сол 8 миллион евро талаб мекард, вале масъулини дастаи итолёвӣ ба ин розӣ нашуданд. Дар моҳи май маълум шуд, ки Кристоф Галтиер дар ПСЖ намемонад. ПСЖ дар мавсими гузашта таҳти роҳбарии мураббӣ Кристоф Галтиер Суперҷоми Фаронса ва Лига 1-ро ба даст овард.Моликони қатарии даста дар бораи Зинедин Зидан орзу мекарданд, аммо фаронсавӣ соли дуюм аст, ки пешниҳодҳои Парижро рад мекунад. Галтиер ба куҷо меравад, ҳанӯз маълум нест. Кристоф ба Наполи рафтан мехост, аммо итолиёвиҳо Руди Гарсияро таъин карданд. Ёдовар мешавем, ки Энрике қаблан дар дастаҳои “Барселона”, “Рома”, тими миллии Испания ва “Селта” сарварӣ мекард.
Мижгонаи Насриддин
Садои Душанбе