Медали нуқраи волейболбоздухтарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ӯзбекистон

Дастаи мунтахаби бонувони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба волейбол дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барандаи медали нуқраи мусобиқаи байналмилалӣ шуданд. Дар ин бора аз Федератсияи волейболи Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба волейбол миёни духтарони то 17-сола, ки аз 19 то 23 апрел ба поси хотири чемпиони дукаратаи Бозиҳои олимпӣ Вера Дуюнова дар шаҳри Навоии Ӯзбекистон баргузор шуд, имрӯз ҷамъбаст гардид.

Дар мусобиқа 6 даста – 4 даста аз Ӯзбекистон («Олимп», «Суғдиёна», «Ҳумо», «Водӣ»), инчунин дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуда, тибқи системаи даврӣ дар як давр бозӣ карданд.

Ба иттилои котиби генералии Федератсияи волейболи Тоҷикистон Муҳиб Латипов, волейболбоздухтарони мо 5 бозӣ анҷом дода, бо 4 пирӯзӣ ва як бохт ҷои дуюмро ишғол карданд. Ҷои аввал насиби дастаи «Олимп» ва ҷои сеюм насиби дастаи «Ҳумо» аз Ӯзбекистон шуд.

Дар мусобиқа намояндагони Конфедератсияи волейболи Осиё иштирок намуданд.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE