Дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар Бразилия бинои истиқомати фурӯ рафта 14 нафар ба ҳалокат расид
Субҳи 7 июл дар дар шаҳри Ресифии иёлоти Пернамбукуи Бразилия бинои истиқоматӣ фурӯ рафт. Дар натиҷаи фурӯ рафтани бино 14 нафар ба ҳалокат расида, 7 нафари дигар наҷот дода шуд. Амалиёти ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ дар ҷойи ҳодиса аллакай ба анҷом расида, дар он 50 нафар бо дастгирии ихтиёриён иштирок намуданд. Мақомотҳои дахлдори Бразия иттилоъ медиҳанд, ки бинои истиқоматӣ дар пайи боришоти шадид, ки дар минтақа дар ҳоле, ки бисёре аз сокинон ҳанӯз дар хоб буданд, фурӯ рехтааст. Бо мақсади таъмини бехатарӣ, 7 июл сокинон аз 6 бинои наздикии манзили фурӯрафта ба ҷойи бехавф кӯчонида шуданд.
Инчунин иттилоъ дода мешавад, ки бинои бисёрошёнаи фурӯрехта дар солҳои 1970 сохта шуда, сохти ноустувор дошт. Мақомоти маҳаллӣ истифодаи ин биноро аз соли 2010 инҷониб манъ карда буданд, вале онро шахсони бесарпаноҳ ишғол намудаанд.
Ин фурӯравии бино маротибаи дуюм аст, ки дар иёлоти Пернамбуко ба амал меояд. Бори аввал 27 апрел дар шаҳри Олинда як бинои сеошёна фурӯ рафта, оташ гирифта буд, ки дар натиҷа 6 нафар ҳалок ва 5 нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд.
Губернатори Пернамбуко Ракел Лира дар Твиттер изҳори ҳамдардӣ кард ва ваъда дод, ки ҳукумати иёлот барои кӯмак ба оилаҳои ниёзманд кӯшиши худро дареғ намедорад.
Ёдовар гардидан ба маврид аст, ки Ресифи як шаҳри назди соҳилие мебошад, ки дар он 1,5 миллион нафар умр ба сар мебаранд. Дар рӯзҳои охир сокинони ин шаҳр бо боришоти шадид мубориза мебарад.
акс аз манъбаҳои боз
Султонализода Ёқубҷон
Садои Душанбе