Ню-Йорк: Сироҷиддин Муҳриддин бо Лю Женмин мулоқот намуд

5 июл дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN DESA) Лю Женмин мулоқот анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла масъалаҳои обу иқлим, татбиқи қатъномаи «Конфронси СММ оид ба арзёбии раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (Ню-Йорк, 2023), иштироки фаъоли Тоҷикистон дар чорабинии муҳимми дарпешистода — Муколамаи сатҳи баланд оид ба энергетика (High level diаlogue on Energy) ва таъсири ҳамагирии Ковид-19 ба раванди татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин ҷонибҳо аз иқдоми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани соли 2025-ум ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, аҳамият ва саривақтӣ будани он дар шароити имрӯзаи ҷаҳониро таъкид карданд. Тарафҳо омодагии хешро барои идома додани ҳамкорӣ самарабахш баён намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE