АШТ: САҲМИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ НОҲИЯ
Таваҷҷӯҳ ба ҳаёти ҷавонон ва дастгириву ғамхории онҳо дар меҳвари асоси фаъолияти Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҳамеша тадбирҳои мушаххас дар ин самт андешида мешаванд. Ин аст, ки фаъолияти ҷавонон дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат рӯз аз рӯз густариш ёфта, мавқеи ин қишри ояндасози миллат дар ҷомеа боло меравад.
Иқдому ташаббусҳои алоҳида, ки аз ҷониби ҷавонони ноҳияи Ашти вилояти Суғд гирифта мешаванд, боиси қаноатмандист. Беш аз 10 иншооти ҷашнӣ, ки то 30 – солагии Истиқлолити давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мавриди истифода қарор гиранд, маҳз бо дастгирии соҳибкорони ҷавони ноҳия сохта мешаванд.
Тибқи омори расмӣ шумораи ҷавонони ноҳия имрӯз ҳудуди 57 700 нафарро гузаштааст ва ҳамагӣ талош доранд бо амали шоистаи худ дар рушду ободии кишвар саҳм гузоранд. Парвиз Салоҳиддинов, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия зимни суҳбат аз фаъолмандии ҷавонони ноҳия ёдовар гардид ва зикр дошт, ки шумораи зиёди ҷавонон дар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарбаландона ва бо дарки масъулият ифои вазифа менамоянд, ки намунаи барҷастаи бовариву эътибори роҳбарияти ноҳия ба онҳо аст.
Дар авҷи пайдоиши бемории ҳамагири коронавирус ҷавонони хайрхоҳи ноҳия тавонистанд бори дигар боварии сокинонро ба даст оранд, зеро дар ин рӯзҳо гурӯҳҳои мухталифи ҷавонон ба оилаҳои ниёзманд ба таври ройгон кӯмакҳои моддиву равонӣ расониданд.
Самти дигари рӯзгори ҷавононро ташаккули тарзи ҳаёти солим ва машғул шудан ба варзиш ташкил медиҳад. Дар ноҳияи Ашт бахшида ба оммавӣ намудани варзиш ва ҷалби ҷавонон ба ин самт, ҳамарӯза чорабиниҳо бо фарогирии шумораи хурди сокинон гузаронида мешавад, ки дар он иштироки бонувони зиёдро метавон мушоҳида намуд.
Парвиз Салоҳиддинов, иброз намуд намуд, ки ҳадаф аз роҳандозии ин амал ҷалби ҷавонон ба рӯзгори солим ва бо ин васила дур шудан аз амалҳои ношоям ва ҷинояткорӣ миёни ин қишр ба ҳисоб меравад.
Маврид ба зикр аст, ки ҷавонони ноҳияи Ашт дар баробари дигар ҳамтоёни худ метавонанд дар рушди дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат нақш гузоранд. Сохтани чандин иншоотҳои ҷашнӣ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия аз ҷониби ҷавонон далел ба гуфтаҳои болост.
Бахтовар АМИНЗОДА,
“Садои Душанбе”