1 август дар Вазорати маориф ва илм, Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази миллии қонунгузорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

1 август дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим соати 08:00 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа баргузор мешавад.

Дар Кумитаи рушди маҳал нишасти матбуотӣ соати 09:00 доир мегардад.

Нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11:00 дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор мешавад.

Дар Маркази миллии қонунгузорӣ нишасти матбуотӣ соати 14:00 доир мегардад.

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ соати 09:00 доир  мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE