АМАЛИШАВИИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СИЁСАТИ КИШВАР

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлолият ҷиҳати ноил гардидан ба пешравиҳои гуногун  се ҳадафи стратегиро муайян намуд, ки то ин давра хушбахтона мо ба онҳо ноил гардидем.

Баъди ин, бо пешниҳоди Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми мамлакат қабул гардид. Бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, таҳти роҳбарии Пешвои оқилу хирадманд имрӯз дар ин самт корҳо бо маром идома доранд.

Бояд гуфт, ки ба василаи саноатикунонии босуръати мамлакат дар кӯтоҳтарин муддат ватани мо аз давлати аграрӣ – саноатӣ ба кишвари саноатӣ – аграрӣ мубаддал хоҳад гардид. Ташаббуси саноатикунонии Тоҷикистон дар пасманзари худ масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, хусусан ҷавонон, монеъ гардидан ба таблиғи ақидаҳои ифротӣ, аз байн бардоштани шиддати муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ба ин восита таъмини амнияту субот дар мамлакатро дар назар дорад. Бунёди корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохторӣ сабаби бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолиии мамлакат ва ба даст овардани музди меҳнати кофӣ мешавад, ки ин дар навбати худ сабаби рушди некӯаҳволии шаҳрвандон мегардад. Имрӯз Хукумати кишвар барои ноил шудан ба ин ҳадаф аз имкониятҳои зиёд истифода мебарад, – мегӯяд номзади илмҳои техникӣ Давлатманд Саидов.

Табиист, ки заминаи иҷтимоии давлат аз ҳисоби коргарони саноатӣ мустаҳкамтар мегардад. Масъалаи ҷойгиркунонии корхонаҳои саноатӣ бо назардошти қувваи корӣ ба масъалаи дигари муҳими рушди деҳот, яъне рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пайвастагии мантиқӣ дорад. Инҳо масъалаҳоеанд, ки дар сурати дуруст амалӣ шудан муваффақиятро таъмин менамоянд. Барои бунёди корхонаҳои саноатӣ ҷойгиршавиии манбаи ашёи хом, ташкили инфрасохтор, таъмин бо қувваи корӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад. Шояд дар ҷараёни амалишавии барномаи саноатикунонии босуръати Тоҷикистон ба тавре, ки таҷрибаи ҷаҳонии саноатикунонӣ нишон медиҳад, паҳлӯҳои дигари мусбату манфии ин раванд равшан гарданд. Ин таҷрибаи навест дар роҳи пешрафти иқтисодии Тоҷикистон.

Саноатикунонии босуръати мамлакат аз таъмин будан бо нерӯи барқ, рушди роҳу нақлиёт, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, маблағгузорӣ, таъминот  бо қувваи корӣ ва бисёр масъалаҳои дигар вобастагӣ дорад. Дар ин ҳолат кадрҳои ба истеҳсолот роҳбарикунандаи дорои маҳорату малакаи зарурӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд.

Танҳо саноатикунонӣ метавонад иқтисодиётро ба сатҳи ҷаҳонӣ боло барад, ки барои ноил гардидан ба ин ҳадаф, пеш аз ҳама, саромоягузорӣ лозим аст. Дар ин замина, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои дастгирии сармоягузорони дохилу хориҷ имтиёзҳои гуногун пешбинӣ гардидааст, то дар кишвар корхонаҳои муштарак ба фаолият оғоз намуда, ҷойҳои корӣ таъсис ёбанд ва бозорро фаровон ва нархи молу маҳсулотро арзон гардонанд.

Дар чаҳорчӯбаи амнияти миллӣ бошад, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи саноатикунонии босуръати мамлакат аҳамияти нисбатан муҳим пайдо мекунад. Зеро масъалаи мазкур беҳтаршавии зиндагии шаҳрвандонро ба ин ё он дараҷа дар назар дорад. Аз ин рӯ саноатикунонӣ дар самти беҳдошти сатҳу сифати некуаҳволии мардум омили асосӣ ба ҳисоб меравад, ки дар сурати оқилона ва аз рӯи стратегияҳои пешқадам, бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта татбиқ намудани ин раванд метавон ба комёбиҳо ноил гардид.

Қобили тазакур аст, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафи чорум, яъне саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ чандин имтиёзҳо пешбини гардидааст, ки дар натиҷаи он сармояи мустақими дохилию хориҷӣ ба минтақаҳои кишвари мо ворид мегардад  дар натиҷаи он корҳонаҳои саноатӣ сохта ба истифода дода мешаванд ва ба ин васила ҳиссаи маҳсулоти дохилӣ афзоиш меёбад.

Бешубҳа, муваффақ шудан ба саноатикунонӣ чун ҳадафи чоруми миллӣ ва гузариш аз рушди аграрӣ ба саноатию аграрӣ имкон хоҳад дод, ки Тоҷикистон солҳои наздик дар ҷаҳон чун давлати содироткунанда бо номгӯйи зиёди маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ муаррифӣ шавад.

Умедаи САНГАЛӢ,

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE