БОЗДОШТИ РАИСИ ШАҲР БО ҶУРМИ РИШВАСИТОНӢ
Бино ба гузориши хабаргузории “Новости” дар такя ба як нашрияи маҳаллӣ, имрӯз шаҳрдори бузургтарин шаҳри Бразилия – Рио-де-Жанейро Марсело Кривелла бо ҷурми даст доштан дар фасод боздошт шуд.
Ба иттилои манбаъ субҳи рӯзи сешанбе ҳангоми амалиёти муштараки нурӯҳои полис ва додситонии маҳаллӣ дастгиркунии шаҳрдор сурат гирифт. Гуфта мешавад, ки ғайр аз Кривелла, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамзамон соҳибкори маъруф Рафаэл Алвес ва сардори пешини идораи полиси шаҳр Фернандо Мораисро низ маҳз бо ҳамин ҷурм боздошт карданд.
Ба гуфти манбаъ, сенатори собиқ Эдуардо Лопес низ яке аз ҳадафҳои амалиёт буд, аммо ӯ ҳангоми омадани кормандонри мақомот дар хонаи худ дар Рио-де-Жанейро набуд. Ба эҳтимоли иёди донандагони вазъ ӯ ба минтақаи дурдасти Белем кӯчидааст.
Бино ба гузоришҳо, муфаттишон зидди боздоштшудагон парванда аз рӯи моддаи “ситонидани ришва” кушодаанд ва ҳоло ин банд дар прокуратураи шаҳри Рио-де-Жанейро пайгирӣ мешавад. Тафтишот дар ин самт идома дорад.
Гуфта мешавад, ки боздошти Кривелла нӯҳ рӯз пеш аз ба охир расидани мӯҳлати ваколати ӯ дар шаҳри Рио-де-Жанейро ба ҳайси шаҳрдор сурат гирифт. Бино ба гузоришҳои расонаҳои маҳаллӣ, ҳангоми расидан ба идораи полис, шаҳрдор эълом кардааст, ки ӯ қурбонии “таъқиби сиёсӣ” шудааст ва аз ҳукумат адолат талаб кардааст.
Ба фарзияҳои пешакӣ ва гумонҳои ғолиб иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр роҳбари шӯрои маҳаллии шаҳр Хорхе Фелипе хоҳад буд.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”