ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШУҒНОНУ ДАРВОЗ РАСИД

Аз оғози моҳи декабр тақсими китоби «Тоҷикон» – и Бобоҷон Ғафуров аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид. Дар ҳамин замина, аз ҷониби гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода ба ҳар хонаводаи ноҳияи Дарвоз низ ин туҳфаи беназири Пешвои миллат тақдим гардид.

Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуралӣ Собирзода ба манзилҳои истиқоматии як зумра собиқадорони меҳнат ва сокинони ноҳия, аз ҷумла собиқадори соҳаи тандурустӣ Исроил Қаноатов, собиқадори меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ Ҳайдаршо Акбаров, собиқадори меҳнат, профессор Амиршо Маҳрамов ва сокини ҷамоати деҳоти Қалъаихумб Сурайё Шоева рафта, онҳоро аёдат намуда, ин туҳфаи Пешвои миллатро тақдим кард.

Ба иттилои манбаъ, зимни тақдими ин туҳфаи беназир намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии омор ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ширкат намуданд.

Ҳамин тавр, дар доираи Амри Президенти кишвар мҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи кории ҳукуматӣ ин туҳфаи Президенти кишварро ба сокинони ноҳияи Шуғнон дастрас намуданд. Ба иттилои АМИТ «Ховар», сокинони ноҳияи Шуғнон аз тақдими туҳфаи Пешвои миллат шоду мамнун гашта, “ба Сарвари давлат барои роҳандозӣ намудани чунин иқдоми наҷиб изҳори сипос намуданд”.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» чоп гардида, то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE