Машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Русия
10 августи соли 2023 дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гаштанд. Ҳайатҳои ҷонибҳо дар нишасти мазкур таҳти роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва Русия Михаил Галузин ширкат варзиданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳо баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба ҳамкориҳои Душанбе ва Москва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва масоили амнияти минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
Машваратҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва созандаи ба муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русия хос сурат гирифтанд.