Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо мудири минтақавии UNDCO барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ

17 августи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мудири минтақавии Дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои рушд (UNDCO) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Гви-Еоп Сонро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Аснои дидор ҳамсуҳбатон перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои СММ табодули афкор намуда, мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда, чорабиниҳои дарпешистода, инчунин имконоти густариши равобити тарафайнро дар соҳаҳои мухталиф матраҳ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE