Хонандаи шаҳри Душанбе дар Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо ITF сазовори ҷойи аввал гардид

Август 22, 2023 10:17

Хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Марям Абдураҳимова дар Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо ИТФ, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон идома дорад, соҳиби медали тилло гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Дар мусобиқаи мазкур 900 нафар варзишгар аз 45 давлати дунё байни ҳам рақобат доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 24 варзишгар намояндагӣ менамоянд.

Хонандаи пойтахт дар рӯзҳои аввали мусобиқа ба ҳамаи рақибонаш ғолиб омада, сазовори медали тилло гардид.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқа 19 август оғоз шуда, то 27 август идома меёбад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE