Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
25 август дар шаҳри Остона мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардиданд.
Баррасии масоили муносибати дӯстӣ ва шарикии ду кишвар дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оғоз гардида, дар сиғаи васеъ, бо иштироки ҳайатҳои ду давлат идома ёфт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҷониби Қазоқистон барои истиқболи самимӣ, таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ҷиҳати баргузор кардани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзию саноатии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Шимкент, изҳори сипос намуданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки ин чорабиниҳо, ки дар 30-юмин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии давлатҳо сурат мегиранд, боз як далели рушди бемайлони муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистон хоҳанд шуд.
Қобили зикр аст, ки муносибати гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон заминаи мустаҳками анъанаҳои таърихӣ дошта, тайи солҳои охир дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила ҷараёни густариши босуръатро дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳ касб кардаанд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкориро баррасӣ карданд.
Аз ҷумла, ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ҳамчунин, гардиши мол миёни ду кишвар, ки танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми он қариб ба 600 миллион доллар расидааст, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Сарвари давлати мо қайд карданд, ки Қазоқистон дар низоми умумии робитаҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон имрӯз мақоми пешсафро доро мебошад.
Изҳори итминон карда шуд, ки ҷонибҳо қодиранд нишондиҳандаҳои солонаи тиҷоратии дуҷонибаро дар ояндаи наздик то ба 2 миллиард доллар расонанд.
Баробари соҳаи тиҷорат ҷонибҳо дар рафти мулоқот ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои коркарди маҳсулот, саноати кӯҳӣ ва сабук, нақлиёту коммуникатсияҳои транзитӣ, энергетика, маҷмаи агросаноатӣ ва дигар бахшҳои иқтисодӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва варзиш фаъолона идома доранд.
Инкишоф додани робитаҳои зиёиён, ходимони фарҳанг, адабиёт, санъат ва муассисаҳои маданию гуманитарӣ зарур шумурда шуд.
Дар идомаи суҳбат ҳамкориҳои ду кишвар дар самти амният дар сатҳи дуҷониба ва дар чаҳорчуби ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо дар ин зимн, аз ҷумла атрофи мавзӯи тағйирёбии иқлим, масъалаҳои афзоиши таҳдиду хатарҳои терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, бо шумули қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, табодули андеша карданд.
Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо ҳамчунин оид ба мавзӯъҳои рӯзномаи байналмилаливу минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.