Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Муассисаи давлатии томактабии №15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

31 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи давлатии томактабии №15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти муассиса оғоз бахшида, бо шароити таълиму тарбия дар он шинос шуданд.

Муассисаи томактабӣ аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 100 нафар кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои 20 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам мегардад.

Муассисаи замонавӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Партнёр” бунёд гардида, дар он таълиму тарбияи кӯдакон ба талаботи замони имрӯза мутобиқ мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE