«Амонатбонк»-и Тоҷикистон ва «Халқ-Бонк»-и Узбекистон ҳамкориро тавсеа мебахшанд

 КВД «Амонатбонк»-и Тоҷикистон ва «Халқ-Бонк»-и Узбекистон ҳамкориро тавсеа мебахшанд. Масъалаи ба роҳ мондан ва таҳкими ҳамкорӣ байни «Амонатбонк»-и Тоҷикистон ва «Халқ-Бонк»-и Узбекистон дар мулоқоти Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо роҳбари ҳайати «Халқ-Бонк»-и Ҷумҳурии Узбекистон — муовини Раиси Раёсати Халқ-Бонк Дилшод Қутлиев дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус дар «Амонатбонк» иттилоъ доданд.

Дар мулоқот оғози ҳамкории дуҷониба ва дурнамои рушди он, аз ҷумла паҳлуҳои муҳими оғози ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногуни бонкдорӣ, тавсеаи муносибатҳои муросилотӣ бо ба имзо расонидани Созишнома оид ба ҳамкории дуҷониба ва дар заминаи он тақвияти амалиёту пардохтҳо бо асъори хориҷӣ баррасӣ гардид.

Ҳамзамон дарёфти масири нави ҳамкорӣ байни бонкҳо, табодули таҷриба дар бахшҳои гуногун, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ва таъсиси фазои сармоягузории муштарак ва дигар мавзуъҳои вобаста ба соҳаи бонкӣ муҳокима шуд.

АКС: «Амонатбонк»

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE