МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ. Агар телефони дастии довталаб хомӯш бошад, аз натиҷи озмуни тақсимоти асосӣ бехабар мемонад

Имшаб,  аз соати 00:00-и 25 июл натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи паёмак (sms) ба ҳар довталаб ирсол мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба гуфти масъулини Маркази миллии тестӣ,  имшаб ба тамоми довталабене, ки дар тақсимоти асосӣ роҳ ёфтанд паёмак ирсол мегардад. Дар ҳолати хомӯш будани телефони дастӣ (агар телефонро баъдтар ҳам фаъол намояд) паёмак дастнорас мегардад, яъне намеравад. Дар ин маврид  довталаб ба Маркази миллии тестӣ муроҷиат намуда, аз натиҷаи он бохабар мегардад.

Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот дар кабинети инфиродии ҳар довталаб гузошта мешавад. Агар дар бахши «Натиҷаи тақсимот»-и кабинети инфиродии довталаб матни «Шумо аз рӯи интихоби № n гузаштед!» дарҷ гардида бошад (ранги пасманзари он сабз аст), пас, довталаб дар озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб гардидааст. Дар ҷадвал комбинатсияи ихтисоси дахлдор, бали гузариш аз рӯйи он ва бали бадастовардаи довталаб нишон дода мешавад.

Агар дар бахши «Натиҷаи тақсимот»-и кабинети инфиродии довталаб матни «Шумо аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаатон нагузаштед! (ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст), ин чунин маъно дорад, ки довталаб дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нагардидааст.

Маълумоти бештарро метавон аз саҳифаи расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон https://ntc.tj/tj/ дастрас намуд.

Ёдрас менамоем, ки роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот маънои донишҷӯй шудани довталабро аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш надорад ва комёб шудан ё нашудани довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта тибқи интихобҳояш танҳо имшаб, 25 июл, яъне пас аз озмуни тақсимот маълум мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE