ҲУШДОРИ СУТ АЗ ПАНДЕМИЯИ НАВ
Роҳбари Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Тедрос Адханом Гебресиесус аз тамоми кишварҳо даъват ба амал овард, ки ба пандемияи нав омода шаванд. “Таърих нишон дод, ки пандемияи ҳозира охирин нахоҳад буд ва эпидемияи дигаре моро фарогир шуданист, ки воқеият дар ҳаёт аст”, – гуфт ӯ дар паёми видеоии худ бахшида ба Рӯзи байналмилалии омодагӣ.
Гебрейесус қайд кард, ки як сол пеш ҷаҳон бо COVID – 19 ошно набуд, аммо аз он замон ҳамаи чиз “чаппа” шуд. “Таъсири коронавирус ба ҷаҳон аз доираи худи ин беморӣ гузаштааст ва барои ҷомеаҳо ва иқтисодиёт он оқибатҳои назаррас дорад” – гуфт сарвари СУТ.
Ин мақоми баландпояи соҳаи тандурустӣ эътироф кард, ки инсоният ба пандемияи нав ҳоло омода нест ва даъват ба амал овард, ки аз ҳодисаи соли пор рухдода сабақ гиранд. Гребесус, инчунин, дар бораи зарурати сармоягузорӣ барои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва рушди системаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ сухан гуфт.
Гуфта мешавад, ки вируси нав аввали моҳи декабр дар Британияи Кабир пайдо шуда, аллакай аксари кишварҳои минтақаро фаро гирифтааст. Тибқи тадбирҳои пешакӣ, як қатор кишварҳо парвозҳои худро бо Британия қатъ кардаанд ва Лондон низ дар пайи сироят чораҳои маҳдудкунанда ҷорӣ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки аз оғози пандемия, тибқи маълумоти СУТ, дар саросари ҷаҳон зиёда аз 78,6 миллион нафар ҳамчун сироятшуда ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора зиёда аз 1,7 миллион нафар қурбонии вирус шуданд.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”