ОЛИМОНИ ТОҶИК АКАДЕМИКИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАКТАБҲОИ ОЛӢ ГАШТАНД

Дар ҷаласаи навбатии шуъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ аз байни довталабон ду нафар олимони тоҷик аз ДДОТ ба номи С.Айнӣ  Акобир Мирзораҳимов ва Саидмуроди Хоҷазод зимни овоздиҳии пўшида Академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ интихоб гардиданд. Доктори илмҳои биология, профессор Акобир Мирзораҳимов муаллифи беш аз 15 таълифот ва доктори илмҳои филология, профессор  Саидмуроди Хоҷазод муаллифи беш аз 20 китоб, дастур ва васоити таълим мебошанд. Олимони мазкур бо дастовардҳои бунёдӣ дар ҷодаи илм ва маориф чун мутахассисони варзидаи соҳаҳои худ эътироф шудаанд.

Саидмуроди Хоҷазод

Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ соли 1992 бо мақсади мусоидат ба ҳалли мушкилоти муассисаҳои олии таълимӣ дар ҷодаи гузариш ба низоми нави таҳсилот, рушди илм, ҳамгироии кишварҳои ҷаҳон дар низоми таҳсилоти касбӣ таъсис ёфта, беш аз 1200 олимони муътабари сатҳи ҷаҳониро   аз 45 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон муттаҳид менамояд. Президенти АИБ МО ходими илм ва техникаи Федератсияи Россия Валентин Ефимович Шукшунов буда, марказаш дар Маскав мустақар аст. Номзадҳо ба Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ бояд докторони илм ва профессорони дар арсаи ҷаҳонӣ шинохташуда бошанд. Шахсоне, ки аъзои ҳақиқии Академия интихоб мешаванд ба унвони Академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ мушарраф мегарданд. Аъзои Академия бояд бобати рушди соҳаҳои маориф ва илм пайваста саҳми фаъол гузоранд, барои ислоҳоти  ин соҳаҳо пешниҳодҳои ҷолиб ироа доранд, ҷиҳати ҳамгироии кишварҳои ҷаҳон дар соҳаи маориф ва илм ва таҳаввулоти соҳа иқдом варзанд.

Акобир Мирзораҳимов

Ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ, профессор Нўъмонҷон Ғаффорӣ зимни тақдими диплом ба олимони зикршуда иброз дошт, ки ба сифати Академики АИБ МО интихоб шудани онҳо барои амалӣ гардидани ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи маориф ва илм, муаррифӣ ва тарғиби бештари дастовардҳои илми Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.

Бояд зикр намуд, ки Саидмурод Хоҷазод яке аз муҳаққиқони сермаҳсули соҳаи журналистика буда, дар ин замина асарҳои зиёди илмӣ таълиф кардааст. Саидмурод Хоҷазода дар баробари машғулият ба корҳои илмӣ,  таҳлилгари нозукбини масоили сиёсӣ дар радиои “Тоҷикистон” мебошад.

www.radiotoj.tj

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE