Вакили Маҷлиси намояндагон дар Ню-Йорк дар иҷлосияи сатҳи баланди СММ оид ба бемории сил иштирок намуд

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси ҷамъияти байналмилалии парлумони давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Ҷамшед Муртазозода 20-25 сентябр дар шаҳри Ню-Йорки Амрико бо даъвати шабакаи ҷаҳонии «Глобал ТВ Кокус» дар кори иҷлосияи сатҳи баланди СММ оид ба бемории сил иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ таъкид шуд, ки сил бемории дар ҷаҳон хеле паҳнгардидаи бактериявии инсон ва ҳайвонот аст, ки барангезандаи он микробактерияи сил (чӯбчамикроби Кох) мебошад. Бемории сил асосан ба шуш осеб расонида, баъзан ба узвҳо ва системаҳои дигар низ асар мегузорад.

Бемории сил аз инсон ба инсон тавассути ҳаво ва оби даҳон паҳн мегардад. Ҳангоми сулфазанӣ, атсазанӣ ва ё балғампартоӣ бактерияҳои бемории сил аз шахсони гирифтори он ба ҳаво ҷудо мешаванд. Барои сироятшавии инсон танҳо нафас кашидани миқдори камтарини чунин бактерияҳо кифоя аст.

Тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дорои бемории сили ниҳонӣ мебошанд. Хавфи гирифтори бемории сил шудани онҳо дар тӯли ҳаёт 10%-ро ташкил медиҳад. Аммо ба шахсоне, ки системаи масунияташон заиф аст, мисли беморони ВНМО, нокифоягии ғизо, диабет ва ё тамокукашӣ хавфи басе зиёди дучоршавӣ ба ин беморӣ таҳдид мекунад.

Бемории сил аз давраҳои дерин то ба имрӯз ҳамчун проблемаи хеле муҳими иҷтимоӣ ва тиббӣ арзи вуҷуд дорад. То асри XX бемории сил воқеан табобатнопазир буд. Ҳоло барномаи маҷмуавӣ таҳия шудааст, ки барои ошкоркунӣ ва табобати ин беморӣ дар марҳилаҳои ибтидоии инкишофи он имконият фароҳам меорад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE