ТАШКИЛИ ЯРМАРКА – ФУРӮШ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР
Дар ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар назар аст то анҷомёбии соли равон дар ҳудуди шаҳри Ҳисор баргузор шавад, маҳсулоти ниёзи аввал бо нархи дастрас ба фурӯш бароварда мешавад.
Дар арафаи таҷлил аз Соли Нави мелодӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ташкили ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввалро ба роҳ монданд. Ҳадаф аз ин тадбирро масъулин дар дастрасии сокинони маҳаллӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ унвон намуданд. Дар ярмарка – фурӯш нархи маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба бозор то 5 сомонӣ арзонтар мебошад. Диловар Абдуллое, масъули бахши кишоварзии шаҳри Ҳисор дар суҳбат бо радиои “Садои Душанбе” гуфт, маҳсулоти пешниҳодшуда сифати хубро доро буда, сокинон метавонанд роҳат аз онҳо истифода баранд.
Далер ном сокини маҳаллӣ, ки ба ярмарка омада буд, гуфт маҳсулоти мехостаашро натавонист онҷо пайдо намояд, чун дар хонадон бештар ба он ниёз доштанд. Ба суоли мо, ки маҳсулоти мехостааш чӣ буд, Далер гуфт, зиёд ба орду равған ниёз дошт, вале натавонист онҷо ин навъи маҳсулотро дастрас кунад.
Масъулини ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишовзии шаҳри Ҳисор бобати пешниҳоди дигар навъи маҳсулоти ниёзи аввал изҳори назар намуданд ва иброз доштанд, ки дар ярмаркаҳои баъдӣ ҳатман талаботу ниёзи мардум бароварда мешавад. Вале дақиқан нагуфтанд, ки ярмарка – фурӯши маҳсулоти ниёзи авваро дигарбора дар кадом моҳ баргузор менамоянд.
Бояд гуфт, ки аз 12 ҷамоати ҳудуди шаҳр, ҳар рӯз яке аз онҳо маҳсулоти кишоварзии ҳайати деҳқонону кишоварзони ҷамоатро дар маркази шаҳр пешниҳоди мизоҷон менамоянд. Ин боис ба он гардидааст, ки сокинон дар арафаи иду маросимҳои хос бо нархи арзон дастархони худро зеб диҳанд.
Бахтовар АМИНЗОДА,
“Садои Душанбе”