ДОВАРОНИ БОЗИҲОИ ЯКУМИ ДАВРИ НИМАНИҲОИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2023 ТАЪЙИН ШУДАНД
Довароне, ки бозиҳои якуми даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023-ро доварӣ мекунанд, маълум шуданд.
Бозии ниманиҳоӣ миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» имрӯз, 27-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мегардад. Вохӯрии дигари ниманиҳоӣ миёни дастаҳои «Хатлон» ва «Равшан» 29 сентябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Бохтар баргузор мешавад. Рақобат соати 15:30 шуруъ мегардад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи кишвар хабар доданд.
Даври ниманиҳоӣ. Бозиҳои якум
27 сентябр (чоршанбе)
Оғоз – соати 18:00
«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»
Довари марказӣ: Рустам Нурматов (Душанбе).
Ёварон: Вафо Қараев (Шаҳринав), Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).
Довари эҳтиётӣ: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).
Нозири доварон: Ориф Ҷӯраев (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Алишер Парпиев (Бохтар).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
29 сентябр (ҷумъа)
Огоз – соати 15:30
«Хатлон» – «Равшан»
Довари марказӣ: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Ёварон: Исмоил Нуралиев (Норак), Фарҳод Куралов (Душанбе).
Довари эҳтиётӣ: Насрулло Кабиров (Норак).
Нозири доварон: Хайбулло Нарзуллоев (Ҳисор).
Комиссари бозӣ: Абдулло Соқиев (Душанбе).
Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»