КАМЕРУН: ШУМОРАИ ҚУРБОНИЁНИ САДАМАИ МУДҲИШИ АВТОБУС МЕАФЗОЯД

Шоми якшанбе дар қисмати ғарбии Камерун автобуси мусофирбарба садама дучор шуд, ки дар натиҷаи он 60 мусофирбар ба ҳалокат расид. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Камерун иттилоъ доданд.

Гуфта мешавад, ки автобуси ба садама дучоршуда ба ширкати нақлиётии “Avenir du Noun” тааллуқ дошта, дар дохили он 70 мусофир қарор доштанд.

Қаблан, хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” дар такя ба мақомоти маҳаллӣ хабар дода буд, ки шаби якшанбе дар деҳаи Немале автобус бо зиёда аз 60 нафар ба мошини боркаш бархӯрдааст.

Ҳодиса замоне рух дод, ки автобус мехост аз издиҳоми мардум дар роҳ пешгирӣ кунад. Мақомоти маҳаллӣ гузориш доданд, ки аксари мусофирон аз як чорабинии мазҳабӣ бармегаштаанд.

Тоҷиддин САТТОРОВ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE