Дар Ҷопон теъдоди қурбониёни COVID-19 якбора афзоиш ёфт

Дар Ҷопон шумораи фавтидагон бар асари COVID-19 аз нимаи моҳи декабри соли 2022 якбора афзоиш ёфт. Айни ҳол аллакай 10 ҳазор нафар, ки  ба коронавирус гирифтор буданд, фавтидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Ба иттилои манбаъ, шумораи зиёди фавтҳо дар байни одамони аз 80-сола боло ба қайд гирифта шудааст. Тақрибан 75% ҳамаи фавтидагон дар якуним моҳи охир ба ин гурӯҳи синнусолӣ рост меояд.

Дар маҷмӯъ, дар тӯли тамоми давраи пандемия дар Ҷопон тақрибан 30 миллион нафар ба коронавирус мубтало шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки сатҳи эмгузаронии аҳолӣ дар кишвар 80%-ро ташкил медиҳад.

«Айни замон дар кишвар барои сокинони маҳаллӣ дар робита ба паҳншавии коронавирус ягон маҳдудият вуҷуд надорад, аммо аз мардум ба таври ихтиёрӣ даъват карда мешавад, ки дар ҳама ҷо ниқоб пӯшанд, масофаи иҷтимоӣ ва дигар чораҳои пешгириро риоя намоянд», — менависад ТАСС.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE