Таъсири андозбандӣ ба рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ
Бо вуҷуди он ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2014 ба ин масъала таваҷҷуҳ карда, моҳи декабри ин сол қарор «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» ва моҳи ноябри соли 2018 қарор “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳибобаробаркунии ғайринақдӣ”-ро қабул кардааст, аммо мизони пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар ҳатто ба 10% нарасидааст. Дар ҳоле ки ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ, дар кишварҳои пешрафта аз 85 то 90% ва дар давлатҳои узви ИДМ аз 15 то 40% -ро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон айни замон аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ беш аз 3 миллион корти бонкӣ содир шудааст, ки дар қиёс ба соли гузашта ҳудуди 30% зиёд аст. Дар баробари ин ба гуфтаи БМТ, шумораи дорандагони дорандагони кортҳои пардохтӣ дар кишвар наздики 2 млн. 900 ҳазор нафар аст, ки дар қиёс ба соли гузашта беш аз 23 % зиёдтар аст.
Фурқат Раҳматов сардори шуъбаи назорати низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон мегуяд, ки тайи панҷ соли ахир маблағи пардохтҳои ғайринақдӣ беш аз 4 маротиба зиёд шуда, ба беш аз ба 8% расидааст. Вай дар ин замина афзуд: “Дар маҷмӯъ, дар моҳҳои январ-октябри соли 2020 дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ 37 млн. 708 ҳазор амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 1 миллиарду 435,1 млн. сомонӣ гузаронида шуданд. Дар ин давра таносуби амалиётҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ мувофиқан 91,9 фоиз ба 8,1 фоизро ташкил додааст. Яъне дар давоми 5 соли охир маблағи пардохтҳои ғайринақдӣ 4,4 маротиба ва ҳиссаи онҳо ба андозаи 3,9 банди фоизӣ афзудааст.”
Дар баробари ин БМТ иттилоъ медиҳад, ки заминаи техникӣ барои рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар низ рӯз ба рӯз такмил мешавад. Ин манба меафзояд айни замон дар қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар маҷмӯъ 1 192 адад банкомат, 5 624 адад терминалҳои электронӣ ва 4 847 адад QR-рамз мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Аз ҷумла гуфта мешавад, ки дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии кишвар 3 728 терминалҳои электронӣ адад насб шуддаст, ки аз ин шумора 2 132 ба шаҳри Душанбе, 251 ба вилояти Хатлон, 990 ба вилояти Суғд, 192 ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 163 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меоянд.
Ёдрас мешавем, ки барои истифода накардани терминалҳои электронӣ ё саркашӣ намудан аз насби терминалҳо дар асоси моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаримаи маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, ба иттилои Кумитаи андоз дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбати 63 андозсупоранда барои надоштан ва истифода накардани терминалҳои электронӣ ба маблағи зиёда аз 420 ҳазор сомонӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст
Аммо дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Фурқат Раҳматов сардори шуъбаи назорати низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон, таҳлилҳо нишон додаанд, ки бештари соҳибкорон барои қабули пардохтҳои ғайринақдӣ ҳавасманд нестанд. Вай афзуд, ки сабаби чунин ҳолат бими соҳибкорон аз афзоиши пардохти андозҳо дониста мешавад.
“Мушкилие ҷой дорад, ки ҳалли он барои татбиқи ин қарор муҳим аст. Ин ҳавасманд набудани соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ барои истифода аз терминалҳои электронӣ аст. Яъне бархе соҳибкорон барои ҷарима нашудан, терминалҳои электрониро насб мекунанд, аммо истифодаи фаъолонаи онро роҳандозӣ накрадаанд. Таҳлили ҳаҷми умумии пардохтҳои ғайринақдӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ нишон медиҳад, ки аз нисф зиёди терминалҳои электронӣ фаъол нестанд“- мегӯяд Фурқат Раҳматов.
Дар баробари ин Абдулло Қурбонов раҳбари яке аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон низ ба ин назар аст, ки дар ҳоли ҳозир мушкилоти асосӣ дар роҳи рушди соҳибкорӣ дар кишвар сарбории зиёди андозҳо дониста мешавад. Вай дар маврид чунин гуфт:
“Муҳим аст, ки тарзи пардохти андоз ва ҳисобу китоби андоз содда бошад. Ман боварии комил дорам, ки агар ҳаҷм ва фоизи андозҳо нисбан пастар шавад, дар натиҷа ба буҷаи давлат маблағ зиёдар ворид хоҳад шуд, зеро соҳибкорон худ барои пардохти андозҳо ҳавасманд мешаванд. Ин иқдом дар навбати худ пеш аз ҳама ба рушди пардодҳои ғайринақдӣ ва тиҷорати электронӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард.”
Дар робита ба ин масъала хостем бо масъулини Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон суҳбат карда, нуқтаи назари онҳоро роҷеъ ба ин масъала пурсон шавем. Аммо бо вуҷуди муроҷиати расмии катбӣ ва пешниҳоди саволҳои мушаххас дар ин мавзуъ, масъулини кумитаи андоз бо гузашти беш аз як моҳ бо сабабҳои номаълум ҳозир нашуданд бо радиои Тоҷикистон дар ин мавзуъ мусоҳиба анҷом бидиҳанд. Шояд ҳарфи гуфтан надоштанд!?
Аз сӯи дигар ёдовар мешавем, ки дар солҳои 2018 – 2020 бо мақсади ҳавасманд гардонидани соҳибкорон дар Кодекси андоз якчанд тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Аз ҷумла моҳи январи соли 2020 ба моддаи 104 Кодекси андоз тағйирот ворид гардида, маблағи бонусҳо, кэшбек ва дигар механизмҳои ҳавасмандгардонӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба муштариён ҳангоми истифодабарии воситаҳои электронии пардохтӣ пешниҳод мегарданд, аз андоз аз даромад озод карда шудаанд.
Инчунин меъёри андози низоми содакардашуда барои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо, ҳангоми манбаи андоз интихоб намудани даромади умумӣ, аз рӯи амалиёти ғайринақдӣ 4% (нақдӣ – 5%) ва барои намудҳои дигари фаъолиятҳо аз рӯи амалиёти ғайринақдӣ 5% (нақдӣ 6%) муқаррар шуд. Бар изофаи ин, меъёри андоз барои фаъолият оид ба истеҳсоли мол аз рӯи амалиёти ғайринақдӣ 13% (нақдӣ 14%), барои намудҳои дигари фаъолият аз рӯи амалиёти ғайринақдӣ 15% (нақдӣ – 15%), муқаррар карда шудааст.
Шакли савтиро метавонед ин ҷо гӯш кунед:
Аз сӯи дигар қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон таҳияи лоиҳаи нави Кодекси андоз идома дошта, Кодекси нав бояд фарқият ва тазодҳоеро, ки шарҳи номафҳуми меъёрҳоро ба миён меоранд, коҳиш диҳад. Ҳамчунин сода гардонидани мудирияти андозситонӣ, коҳиши сарбории андози соҳибкорон, афзоиши андоз аз ҳисоби беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ ва тадриҷан баровардани тиҷорат аз иқтисоди соягӣ пешбинӣ мешавад.
Аз ҷумал тибқи иттилои бархе аз расонаҳо дар лоиҳаи Кодеси нави андоз теъдоди андози умумидавлатӣ аз 11 адади кунунӣ то ба 7 адад кам карда шуда, мизони бархе аз андозҳо низ поин овард шудаанд. Аз ҷумла,мувофиқи тарҳи нав меъёри андози иҷтимоӣ аз 25 дарсади кунунӣ то ба 20 фоиз, меъёри андоз аз арзиши изофашуда, аз 18 дарсади кунунӣ то ба 15 фоиз поин оварда шудааст.
Аз ҷониби дигар ба гуфтаи коршиносон барои рушди бештари пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон зарур аст, ки фарҳанги молиявии мардум мутобиқ ба замони муосир бошад. Зеро дилбастагии мардуми тоҷик ба пули нақд ҳамоно зиёд буда, аксари дорандагони кортҳои бонкӣ, танҳо барои гирифтани пули нақд аз банкоматҳо аз кортҳо истифода мекунанд.
Хуршедшо Алишоев, устоди Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, дар ин маврид чунин гуфт: “дар баробари ин бояд таъкид кард, ки ба фарқ аз истифодаи андаки терминалҳои электронӣ ва мушкилоти ҷойдошта дар ин самт, технологияи ҳамёнҳои электронӣ – яке аз тамоюлҳои нав дар низоми бонкии кишвар маҳсуб мешавад”.
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон айни ҳол теъдоди умумии ҳамёнҳои электронӣ дар кишвар ба ҳудуди 1 млн. 500 ҳазор баробар шудааст. Ин манба меафзояд, ки дар давоми даҳ моҳи соли 2020 тавассути ҳамёнҳои электронӣ беш аз 7 млн. 520 ҳазор амалиёти пардохти ғайринақдӣ ба маблағи наздики 370 млн. сомонӣ анҷом дода шудааст. Яъне давоми як соли охир шумораи ҳамёнҳои электронӣ 5,8 маротиба афзоиш ёфта ва ин омор бозгукунандаи он аст, ки хизматрасонии мазкур аз ҷониби муштариён хуб пазируфта шуда, босуръат дар ҳоли рушд қарор дорад.
Аз ҷониби дигар, гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ба аҳолии кишвар имконият медиҳад, ки бе ҳозир шудан ба марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо роҳҳои осон ва босуръат пардохти молу хизматрасониҳоро ба таври фосилавӣ анҷом диҳанд ва вақти худро сарфа намоянд.
Дар фарҷом бояд таъкид кард, ки ҳадафи аслии рушди пардохтҳои ғайринақдӣ таъмини шафофият ва самаранокии муомилоти молӣ буда, роҳандозии дурусти он имкон медиҳад то устувории қурби пули миллӣ, ки яке аз шартҳои пешрафти иқтисодиёт маҳсуб мешавад, таъмин гардад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”