Намояндаи Тоҷикистон дар машварати омӯзишӣ дар Пекин иштирок намуд
Дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин машварати омӯзишӣ оид ба рушди иқтидори роҳбарии занони хизматчии давлатӣ барои давлатҳои рӯ ба рушд баргузор гардид, ки дар он мудири бахши сомонаи дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Гулнигор Шукурзода маъруза намуд.
Гулнигор Шукурзода иброз дошт, ки Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ доир ба масъалаи баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа ва рушди иқтидори роҳбарии онҳо якчанд барномаҳо ва ташаббусҳоро амалӣ намуд. Дар ин самт таҷрибаи давлатҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин намунаи беҳтарин маҳсуб мешавад.
Ӯ таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, дар он ҳуқуқу озодиҳои ҳар шахс ҳамчун арзиши олӣ аз ҷониби давлат ҳифз мешавад.