НАШРИ «ДЕВОН»-И КАМОЛИ ХУҶАНДӢ ДАР АСОСИ БЕШ АЗ ШАСТ ДАСТХАТИ АШЪОРИ ШОИР

Бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Фахриддин Насриддинов матни илмӣ-интиқодии «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ дар асоси беш аз шаст дастхати ашъори шоирм хушкалом ба чоп расид. «Девон»- Камоли Хуҷандӣ барои муҳаққиқон ва ҳамаи дӯстдорони илму адаби тоҷик пешниҳод гардид.

Дар тасҳеҳи китоби мазкур даҳҳо нусхаи қадимтарини «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ, ки то имрӯз дар нашрҳои интиқодии ашъори ин шоири тавоно  истифода нагардида буданд, мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифтаанд.

Ҳамчунин дар «Девон»-и мазкур нусхаҳое  баэътибор гирифта шудааст, ки дар дусад солаи аввал пас аз вафоти шоир, яъне дар асрҳои XV-XVI аввалин маротиба нашр гардидаанд. Инчунин нусхаҳои муътабари кишварҳои Туркия, Ҳиндустон, Покистон, Миср, Германия, Амрико, Озарбойҷон, Россия, Шветсия, Ӯзбекистон истифода шудаанд.

Дар ҷилди аввал аз муқаддимаи мусаҳҳеҳ, қасоид ва ғазалиёт (аз «алиф» то поении ҳарфи «зо») иборат аст. Ҷилди дуюм фарогирии ғазалиёт (ҳарфи «син» то «ё»), муқаттаот, рубоиёт , мулҳақот, таълиқот ва феҳристҳо мебошад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE