Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш бори аввал 7 варзишгар муаррифӣ менамоянд

Аз 23 то 28 ноябр дар шаҳри Ашқободи  Туркманистон Чемпионати 14-уми ҷаҳон оид ба кураш -2023 баргузор мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бори аввал дар таърихи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш 7 гӯштингири тоҷик иштирок менамояд.

Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни духтарон) баргузор мегарданд. Дар мусобиқа 400 варзишгар аз 57 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд.

Хотиррасон мешавем, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд Муслимбек Каримов дар вазни то 60 кг, Хайрандеш Муродзода дар вазни то 66 кг, Наврӯзи Каримзод дар вазни то 73 кг, Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни то 81 кг, Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кг, Фирдавс Насимов дар вазни то 100 кг ва Хуршед Маҷидов  дар вазни ҷамъи 100 кг муаррифӣ менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE