Футболбозони навраси тоҷик бар дастаи мунтахаби наврасони Русия ғолиб омаданд

20 ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ва Русия оид ба футбол дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он футболбозони тоҷик бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар нимаи аввали бозӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ду гол ба нишон расонида, бо бартарии боваринок ба таннафус баромад. Дар нимаи дуюми вохӯрӣ бозигарони дастаи мунтахаби наврасони Русия як голи ҷавобӣ заданд, вале ҳисоб дигар тағйир наёфт. Бозӣ бо пирӯзии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки 17 ноябр нахустин бозии дӯстонаи дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби наврасони Русия дар шаҳри Душанбе бо натиҷаи мусовии 2:2 анҷом ёфта буд.

Голҳои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар ин бозии ҷолиб Ориёнмеҳри Нуриддин ва Муҳаммадҷони Тоҳирӣ ба ҳадаф расониданд. Аз ҳайати меҳмонон голҳоро Артём Пономарчук ва Артём Кузменко ба нишон расониданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE