Дар хатсайрҳои шаҳрӣ ва наздишаҳрии Бохтар автобусҳои нав ба ҳаракат оғоз намуданд
41 автобуси нав дар хатсайрҳои шаҳрӣ ва наздишаҳрии Бохтар ҳаракат менамоянд, иттилоъ дод АМИТ «Ховар».
Ба гуфтаи масъулин, автобусҳо дар самтҳои Кӯшониён ва Вахш ба ҳаракат баромадаанд.
«Ин аввалин шумораи озмоишии нақлиёти мусофирбар мебошад, ки аз ҳисоби маблағҳои БАТР харида шудааст. Ҳамин тариқ, микроавтобусҳои кӯҳна ва аксар вақт садамавӣ, ки дар хатсайрҳои шаҳр фаъолият доштанд, иваз мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки барои занон ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад, ки барои ин минтақа дорои аҳамияти хос мебошад»,- баён намуд манбаъ.
Арзиши автобусҳои харида 10 миллион долларро ташкил медиҳад.