Маҳмадтоир Зокирзода дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб   дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим  иштирок ва сухан намуд.  Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон  хабар доданд.

Таъкид гардид, ки имрӯзҳо мушкилоти тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист аз мавзуъҳои доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб шуда, бе ҳамкорӣ ва ҳамгироии байналмилалӣ ҳалли он ғайриимкон гардидааст.

Бояд гуфт, ки бо мақсади паст намудани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоию  иқтисодии мамлакат Ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро барои давраи то соли 2030 татбиқ менамояд. Яке аз нишонаҳои возеҳи ҳамбастагии обу иқлим, ин обшавии босуръати пиряхҳо мебошад.

Тайи чанд даҳсолаи охир  аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки манбаи ташаккул ёфтани то  60 фоизи обҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, як ҳазораш пурра об шудааст.

Тавре медонем, 15 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пуштибонӣ аз ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар соҳаи об қатъномаро дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 қабул намуд.

Тибқи ин санад ҳамчунин 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон шуда, дар назди Созмони Милали  Муттаҳид Фонди мақсадноки ҳифзи пиряхҳо таъсис дода мешавад.

Бо ташаббусҳои дигари Тоҷикистон дар соҳаи об Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид нуҳ қатънома қабул намудааст. Ҳоло татбиқи Даҳсолаи “Об – барои рушди устувор”, солҳои 2018 – 2028 самарабахш идома дорад.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки мо қарорҳои Созмони Милали Муттаҳидро дар раванди ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ва норасоии об бисёр муҳим ва самарабахш медонем.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Чопи саҳифа✉  Равон кардан

Декабрь 7, 2023 11:43

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE