Дар шаҳри Москва Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид

7 сентябр дар шаҳри Москва дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана ва шукуҳи хос таҷлил гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.  

32 сол муқаддам Тоҷикистон ба истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ  ноил гардид ва имкон пайдо намуд, ки роҳи минбаъдаи худро ба сӯи рушду шукуфоӣ мустақилона интихоб намояд. Инак, имрӯз Тоҷикистон бо қадамҳои устувор, зери ливои  соҳибихтиёрӣ ва роҳбарии хирадмандонаи   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пеш меравад. .
Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронии табрикотӣ иброз намуд, ки ба даст овардани  истиқлолият дар таърихи халқи тоҷик як воқеаи сарнавиштсоз дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ буда, ҳамзамон эҳёи анъанаҳои миллӣ ва пояҳои давлатдорӣ мебошад.

Дар чорабинии тантанавӣ  аъзои Шурои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ,  аъзои Ҳукумати Федератсияи Русия, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Русия, сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони воситаҳои  ахбори  омма, аҳли  илму фарҳанг, инчунин ҳамватанони муқими Русия  иштирок намуданд.

Бо ёдоварӣ аз дастовардҳои муҳимтарини давлат дар солҳои истиқлолият, нақши афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, инчунин муносибат ва ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия  таъкид гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE